- васваса
- [وسوسه]а1. фикру хаёле, ки ба роҳи бад мебарад, андешае, ки ба бадӣ мебарад, нияту андешаи бад2. иғво, фитна, шӯрангезӣ, ташвиқ ба ягон кори бад, таҳрикоти бад3. шакку шубҳа; гумони бад; васваса кардан (намудан) ба кори бад таҳрик кардан, ба роҳи бад андохтан; шӯрондан; баддил кардан касеро; ба (дар) васваса афтодан а) ғалаба кардани андешаҳои бад; ба фикру хаёлҳои бад афтодан; б) воҳима зер кардан; ба васваса андохтан тарзи бавоситаи ба (дар) васваса афтодан; васвасаи шайтонӣ талқини фикру андешаҳои фитнаангез; андешаи бад, бадгумонӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.